Бо дастгирии бевоситаи мақомоти роҳбарикунандаи Райёсати маорифи вилояти Суғд, баҳри иҷроиши сиёсати пешгирифтаи пешвои миллат дар тақвият бахшидан ба омодагии касбии шаҳрвандон ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ гардонидани онҳо, муассисаи давлатии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилояти Суғд «Тренингҳо барои рушд ва такмили дониши омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ»-ро дар вақти таътили зимистона ташкил намуд.

Мутобиқи Барномаи нави таълимӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ ба талабагони синфҳои 7-11 як қатор мавзуъҳои наве ворид шудааст, ки барои омӯзиши ин фанн бо назардошти талаботҳои ҷаҳонӣ мувофиқат мекунад. Мисол дар синфҳои 7-9 барои талабагон асосҳои Сиситемаи омилии кушодаасос ва озоди «Linux» меомӯзанд, ки ҷойгузини СО Windows мебошад. Дар синфҳои болоӣ бошад асосҳои барномасозиро ба мисоли забони «С++» ба онҳо меомӯзонанд.

treningi_markazi_tikБо дар назардошти талаботҳои замона ва барномаи дарсӣ омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ ба он ҷавобгӯ буда, донишу малакаи худро бар ин раванд доимо такмил диҳад. Аз ҳамин лиҳоз Маркази ТИК-и вилояти Суғд дар асоси нақши корӣ барои расонидани ёрии илмӣ методӣ, ба 48 нафар омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои Б.Гафуров, Чкалов ва Қайроққум мутахассисони варзидаи соҳаи тренинги омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар давоми тренинг омӯзгорон имкон доштанд машқҳои амалӣ иҷро кунанд ва бо як қатор имкониятҳои наве, ки ба онҳо устод Баҳриддинов Б (номзади илмҳои техникӣ) аз таҷрибаи худ ба онҳо омӯзониданд. Инчунин аз тарафи директори Маркази ТИК-и вилоят Ниёзов С. ба омӯзгорон дарси-устод (мастер-класс) ташкил карда шуд, ки дар он доир ба афзалиятҳои омӯзиши фанни «Технологияи иттилоотӣ» — ТИК барои рушд суханронӣ намуд. Чи тавре Ниёсов С. қайд намуд:

Ингуна тренингҳо барои ҳамаи омӯзгорон бояд доимо ташкил карда шавад, то ки онҳо аз истифодаи технологияҳои муосир мисли тахтаи электронӣ ва проекторҳо хабардор бошанд ва дар раванди таълим истифода ва корбари намоянд. Бо дар назардошти пешрафти талаботҳои замонаи муосир, яке аз зинаҳои асосии тарбияи ҷавонони рақамӣ ин омӯзгорон мебошанд, ки доимо дар ҷустуҷӯи донишанд.

Ҳамзамон мутобиқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.12.2015, №4341 «Дар бораи эълони таътили зимистона барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон», фармоиши Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 22.12.2015, №218 «Оид ба гузаронидани давраи таътили зимистонаи соли таҳсили 2015-2016», аз тарафи Раёсату шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва Марказҳои ТИК-и он ба 2222 нафар омӯзгорон курсҳои кӯтоҳмуддат аз фанни «Технологияи информатсионӣ» баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи технологияҳои муосир ташкил ва гузаронида шуд.

 

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>