Дар маркази таҳсилоти иловагии вилоят ҷаласаи шӯро бо иштироки директорони ин ниҳод доир гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ ҷонишини директори маркази таҳсилоти иловагӣ Нурматова З.А. ҳусни ифтитоҳ бахшида, роҳбари нави Маркази таҳсилоти иловагии вилоят Аъзам Ҳотамиро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас фаъолияти яксолинаи кори марказ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Аъзам Ҳотамӣ барои дар сатҳи баланд доир шудани чорабиниҳои гуногун, доштани суратҳисоб дар ҳама марказҳои таҳсилоти иловагӣ, вусъат бахшидани кор дар самти кӯдакони душвортарбия ва ҷалби онҳо ба маҳфилҳо, дастгирии ятимон ва бачаҳое, ки дар оилаи осебпазир ба камол меёбанд, ба забономӯзӣ ҷалб кардани хонандагон, баландмазмун кардани дастурҳои методӣ, ҳамкорӣ бо васоити ахбори омма ва додани иттилои саривақтӣ оиди ин ё он чорабиниҳо, иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси вилоят ва Раёсати маорифи вилоят дар машварати августии омӯзгорон, ҷоннок намудани кори созмони талабагӣ, ҳар ҳафта рӯзи шанбе ташкили чорабиниҳои варзишӣ дар марказҳо, баргузории озмуни атлас ва адрасбофӣ байни марказҳои шаҳру навоҳӣ ва шурӯъ аз моҳи март бонавбат истодани аъзоёни созмони талабагӣ зери лавҳаҳои хотиравӣ дастуру ҳидоятҳои қатъӣ дод.

Бо овоздиҳии кул Аъзам Ҳотамӣ раиси Созмони талабагии вилоят интихоб шуд.

Бо ҳамин ҷаласаи шӯро анҷом ёфт.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>