29 январи дар Маркази технологияи информатсиони ва коммуникатсияи (ТИК) назди Раёсати маорифи вилояти Суғд машварати директорони Марказҳои ТИК-и шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.
Машваратро муовини сардори Раёсати маориф Раҳматов С.А. оғоз намуда ба ҳозирин натиҷаи таҳлили ҷамъбасти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии ҶТ барои солҳои 2011-2015» дар вилояти Суғд баррасӣ намуд.
Директори Маркази ТИК -и Раёсати маорифи вилоят Ниёзов С. оиди рафти шиносномадиҳии синфхонаҳои компютерии муассисаҳои таълимӣ ҳамсӯҳбат шуда, барои пешниҳоди таҳрири нави ин барнома, ки талаботҳои навро дарбар мегирад бо ҳозирин муҳокима намуд.
Инчунин дар рафти машварат аз тарафи директори Маркази ТИК-и ноҳияи Б.Ғафуров, Кенҷаева Ф. дар бораи рафти номнавис кардани (инвентаризация) таҷҳизотҳои техникии муассисаҳҳои таълимии ноҳия ба иштирокчиёни чаласа маълумот дода шуд.
Дар фарҷоми машварат ба директорони Марказҳо супориш дода шуд, ки нақшаи корӣ барои соли 2016 тартиб дода, барои ташкил кардани дарсҳои иловагӣ аз фанни «Технологияи иттилоотӣ» дар муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо чораҷӯи намоянд.