Санаи 29.01.2006 дар истироҳатгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолият», воқеъ дар минтақаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов мавсими сеюми истироҳати зимистонаи мактаббачагон ҷамъбаст гардид. Ба ин муносибат бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, истироҳаткунандагон, омӯзгорону волидони онҳо, мураббиёну таҷрибаомӯзон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма чорабинии тантанавӣ доир шуд. Ёдовар мешавем, ки дар ин мавсим бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати маорифи вилоят 150 нафар хонандагон аз шаҳру навоҳии гуногун ба муддати 8 рӯз бо истироҳату фароғат фаро гирифта шуданд. Аз онҳо 50 нафарашон хонандагони ятим ва фарзандони оилаҳои камбизоат буданд.

Дар оғози чорабинӣ Назира Ғаффорӣ бо ин истироҳаткунандагон вохӯрд, салому паёми Раиси вилоят Абдураҳмон Қодириро расонида, аз ҳолу аҳвол ва таассуроташон пурсон шуд. Ҳамзамон ба онҳо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тӯҳфаҳои хотиравӣ — лавозимоти хониш супорид. Таъкид кард, ки ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳо ба донишомӯзӣ ҷиддӣ муносибат намоянд, бо баҳои хубу аъло хонанд. Хонандагон бо қироати шеър ва суханҳои самимӣ ба роҳбарияти вилоят ва масъулини соҳаи маориф миннатдорӣ баён намуданд.

Иштирокчиёни навраси чорабиниро мудири бахш оид ба ҳуқуқи кӯдаки МИҲД-и вилоят Муҳаббат Ҳомидова, сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят Бахтиёр Сарҳатов ва сарвари истироҳатгоҳ Бахтиёр Ашӯрматов низ муборакбод гуфтанд ва барояшон дар зиндагию хониш муваффақият таманно карданд.

Дар рафти барномаи фарҳангӣ насли наврас ҳунару санъат ва обутоби ҷисмониашонро нишон доданд. Рақсу сурудҳои ҷаззоб, саҳначаҳои пандомӯз, машқҳои варзишӣ ба ҳамагон писанд омад.

Чорабинии тантанавиро сарвари истироҳатгоҳ ҷамъбаст намуда, дар ҳолати тантанавӣ ба як гурӯҳ аъзоёни фаъоли созмони талабагӣ, таҷрибаомӯзон ва мураббиён сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ супорид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>