Дар толори қасри фарҳанги шаҳри Гулистон мулоқоти озоду шаффофи намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят бо хатмкунандагони ин шаҳри саноатӣ баргузор шуд.
Чорабиниро роҳбари дастгоҳи шаҳр Абдуаҳад Каримов ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов зимни баромади хеш аз қоидаҳои баргузории квотаи президентӣ назди ҳозирин маълумот дода, афзуд, ки аз соли 2001 ин ҷониб бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷалби ҳаматарафаи ҷавонони навоҳии дурдаст ба мактабҳои олӣ квотаи президентӣ амал карда, садҳо нафар тавассути ин иқдом соҳибкасб гардиданд. Номбурда аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат варзанд. Ба андешаи Сайфулло Раҳматов оне соҳиби квота мегардад, ки воқеан ҳам соҳиби дониши амиқ ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад.
Сармутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ Мирзотоҳир Набиев ҷалби хатмкунандагони шаҳрро ба мактабҳои олии кишвар нек арзёбӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки дар соли хониши 2015 аз 520 нафар хатмкунандагони шаҳр 201 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ ба мактабҳои олӣ дохил шуданд, ки ин нишондиҳанда қаноатмандкунанда аст. Аммо бо вуҷуди ин ҳанӯз ҳастанд довталабоне, ки дар интихоби касб мушкилӣ мекашанд ва чорабинии имрӯза имкон медиҳад, то довталаб интихоби худро кунад.
Пасон муовинони ректорони ДДХ Абдуҳафиз Азизов, ДДҲБСТ Абдуқаҳҳор Орипов, ДКМТ дар шаҳри Чкалов Зайниддин Насриддинов, ноиби директори ДИС ДДТТ Ҳомидҷон Ҳошимов самтҳои асосии фаъолияти муассисаи таълимии худро тавассути слайдҳо муаррифӣ намуданд.
Дар баромади мудири шӯъбаи илми ДПДТТ Насим Тошхӯҷаев аз ҷумла зикр шуд, ки дар донишкада сол то сол базаи моддиву техникӣ мустаҳкам мегардад. Ва ин имкон медиҳад, ки роҳбарияти донишкада ба навовариҳо даст занад. Чуночи имсола бо икдоми роҳбарияти донишкада бо Донишгоҳи Нижний Новгороди Федератсияи Русия шартномаи ҳамкорӣ баста шуд, ки мутобиқи он минбаъд донишҷӯёни дар ихтисосҳои нав- Идораи захираҳои иттилоотӣ ва Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо таҳсил дошта имкон доранд, пас аз хатми курси 2-и донишкада таҳсилашонро дар ин донишгоҳи бонуфузи Русия идома диҳанд ва соҳиби дипломи Русия шаванд.
Хатмкунандагони шаҳри Гулистон Дилноза Саидғаниева, Умеда Бузурукова, Саодат Турсунова ва Малика Умматова дар бораи интихоби гурӯҳҳои ихтисосӣ, ҷорӣ шудани ихтисоси физика бо забони русӣ, ҷараёни апелатсия ҳангоми гирифтани холи паст, имконияти бо ҷои кор таъмин шудан пас аз хатми донишгоҳҳо, робитаи муассисаҳои олии вилоят бо донишгоҳҳои хориҷа ба масъулин саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Бо ҳамин чорабинӣ анҷом пазируфт.