Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ мулоқоти сарварони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони шаҳру ноҳияҳо идома дорад.

Субҳи имрӯз дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бо иштироки беш аз 380 нафар хатмкунандагон чунин вохӯрӣ сурат гирифт.

Нахуст раиси шаҳри Конибодом Боҳирӣ Ғайбулло Нозир чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иқдоми Раиси вилояти Суғдро баҳри интихоби ояндаи касби ҷавонон нек арзёбӣ намуд.

Сипас Мирзотоҳир Набиев, сармутахассиси рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят  зимни таҳлили воқеии мактабу маорифи шаҳри Конибодом гуфт, ки соли гузашта аз шумори 2406 нафар хатмкунандагон ҳамагӣ 730 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ ба мактабҳои олии кишвар дохил шуданд, ки нишондиҳанда ҳамагӣ 30,3 дар сад буда, дар қиёс бо нишондиҳандаи вилоят 5 дар сад кам аст. Ва яке аз омилҳои вохӯрии имрӯзаи рӯ ба рӯ бо сарварони мактабҳои олии вилоят низ маҳз бедор кардани шавқ ва завқи толибилмон нисбати интихоби касб мебошад.

Роҳбарони муассисаҳои олии вилоят дар баробари муаррифии донишгоҳу донишкадаи худ, ҳамчунин тариқи навори видеоӣ дастоварду комёбиҳои худро нишон доданд.

Анвар Мақсудов, ректори ДДХ дар баромадаш асосан дар бораи мустаҳкам шудани пояи моддиву техникӣ ва дар раванди таълим ҷой надоштани ришваситонӣ, Ҷамшед Ҷӯрабоев, ректори ДДҲБСТ аз дастовардҳои хатмкунадагони донишгоҳ ва робитаи онҳо бо мақомотҳои иҷроияи маҳалливу қудратӣ, Мухтор Фозилов, ректори Донишкадаи кӯҳӣ-металлургӣ аз афзалиятҳои донишкада дар интихоби касбҳои иктишоф ва ҳамкории ҳасана бо корхонаҳои коркарди канданиҳои фоиданок, Дилафрӯз Сангинова, директори ДПДТТ дар бораи таъсиси ихтисосҳои нав ва се сол ин ҷониб амал кардани таҳсилоти фосилавӣ дар донишкада,  Инъом Аминов, директори донишкадаи иқтисод ва савдо аз ҷорӣ шудани забонҳои англисиву хитоӣ дар раванди таълим ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии хориҷӣ сухан карданд.

Толибилмон дар қисмати саволу ҷавоб дар бораи шароити таълиму тарбия, моҳияти таълими системаи кредитӣ, вазъи пояи моддиву техникӣ, курсҳои тайёрӣ, имтиёзҳо ба хатмкунадагони фаъол суолҳо дода, аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>