Дар толори Раёсати маорифи вилоят санаи 3.06.2016 Шӯрои вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид, ки дар он директорони литсей, гимназия ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии санҷидашудаи шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Хуҷанд, Панҷакент, Мастчоҳ ва сармутахасисони бахшҳои Хадамот иштирок намуданд.

Дар шӯро масъалаҳо, аз қабили натиҷаи аккредитатсияи давлатии литсейи №2-и ноҳияи Мастчоҳ, аз нав ба расмиятдарории замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти литсейи 1-и ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷанд, санҷиши фаъолияти мактабҳои хусусӣ тибқи қарори мушовараи Раёсати маорифи вилоят №2/7 аз 17.03.2016, санҷиши рафти иҷрои қарорҳои мушовараи Раёсати маорифи вилоят №6/4 аз 24.10.2014, «Оид ба натиҷаи аттестатсияи муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Чкалов» ва баргузории мониторинги сатҳи сифати донишандӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бӯстон, аз натиҷаи аттестатсияи муассисаи давлатии литсейи №1-и шаҳри Панҷакент мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>