Дар мактаби №10-и ноҳияи Мастчоҳ бори аввал олимпиадаи номии вилоятии мактаббачагон ба номи омўзгори равшанзамир, зиёии эҷодкор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон Муллокўчак Одиназода аз фанҳои дақиқ баргузор гардид. Дар ин олимпиада ғолибони синфҳои нуҳуми олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои математика, физика, химия ва биология ширкат варзиданд.

Дар олимпиада 96 нафар довталабон аз шаҳру навоҳии вилоят иштирок  намуда, шартҳои олимпиадаро аз санҷишҳои  тестӣ ва хаттӣ  иҷро намуданд.

Дар ҷамъбасти олимпиада  муҳассилини мактабҳои шаҳру ноҳияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Панҷакент, Спитамен, Ҷабор Расулов аз ҳама зиёд соҳиби мақомҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳамчунин ду нафар хонандагони ноҳияи Мастчоҳ низ аз фанни биология соҳиби мақоми сеюм гаштанд.

Аз фанни физика Манучеҳр Икромов хонандаи мактаби хусусии ба номи Ю. Рустамови шаҳри Хуҷанд, аз фанни химия Амонулло Абдуҷабборов  хонандаи литсейи №1-и шаҳри Исфара, аз фанни математика Ҳабибуллои Нозим аз мактаби №20-и ноҳияи Айнӣ ва аз фанни биология Шаҳноза Мадаминова аз мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойҳои якум гардиданд.

Ба ҳамаи ғолибон дар вазъияти тантанавӣ диплом, сипоснома ва туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин бо ибтикори пайвандони марҳум Муллокўчак Одиназода  барои 14 нафар ғолибони олимпиада дар ҳаҷми аз 50 то 150 сомонӣ вобаста ба мақоми ишғолкардаашон, мукофотҳои пулӣ тақдим гардид.

Баргузории маҳфилҳои «Шоми дўстӣ», бозиҳои гуногуни варзишӣ ва ҳунарнамоии санъаткорони ҷамоати  деҳоти Мастчоҳ хотири иштирокчиёни олимпиадаро болида гардонд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>