Бо шарофати ғамхории Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дирӯз 93 нафар омӯзгорони пешқадаму навовар аз муассисаҳои таълимии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба осоишгоҳи “Шифо”-и шаҳри Гулистон фаро гирифта шуданд. Дар давоми 12 рӯз онҳо истироҳат ва табобат намуда, ба чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ фаро гирифта мешаванд.