Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят, ки бо иштироки кормандони дастгоҳи Раёсат ва сохторҳои зертобеъ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо доир гардид.

14 масъалаҳои муҳими соҳа, аз ҷумла  натиҷаи рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Спитамен, рафти фаъолияти комиссияҳо оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шаҳру ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Истаравшан, Панҷакент, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06.2014, №353 «Дар бораи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020» дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, рафти амалишавии Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б.Ғафуров, Исфара, Бӯстон, инчунин пешниҳодҳои Прокуратураи вилояти Суғд оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда мавриди баррасии ҳаматарафа қарор гирифтанд.

Ҷаласаро сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Каримзода Осим Косимӣ бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ бахшида, таассуротҳои сафари хидматиашро ба шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Россия ба аҳли нишаст нақл намуд ва таҷрибаи маорифчиёни ин шаҳрро ибратбахш арзёбӣ кард.

Дар суханронии худ сардори Раёсати маорифи вилоят ҷиҳати таъмини саривақтии омӯзгорону хонандагон бо сару либоси мактабӣ, захираи сӯзишворӣ, ташкили истироҳати бофароғати мактабиён, таъмири муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ, сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ ҷиҳати истиқболи сазовори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин вазифагузорӣ намуд.

Ҳамзамон барои дар сатҳи баланди тайёрӣ ва ташкилӣ баргузор намудани як қатор чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ шахсони масъул вазифадор гардиданд.

Ҷаласа бо қабули қарорҳои дахлдор доир ба масъалаҳои муҳокимашуда кори худро ба анҷом расонд.

 

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>