DSCF7211Санаи 31.05.2017, соати 9-00 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Раҳматов С.А., раиси шӯро, мудири шӯъбаи вилоятии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Қурбонов А.О. аъзоёни шӯро, сармутахассисони бахшҳои шаҳриву ноҳиявии хадамот ва директорони муассисаҳои таълимии санҷидашуда шӯрои шӯъбаи вилоятии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид. Дар он масъалаҳо оид ба вазъи иҷрои талаботҳои банди 5, моддаи 25-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Деваштич ва Истаравшан, натиҷаи аттестатсияи литсейи №1-и шаҳри Конибодом, аккредитатсияи гимназияи №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, натиҷаи мониторинги сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич, аккредитатсияи литсейи №2-и шаҳри Исфара, аккредитатсияи литсейи №2-и ноҳияи Мастчоҳ, аккредитатсияи гимназияи №6-и шаҳри Истаравшан мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Оид ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, ба бахшҳои шаҳриву ноҳиявии хадамот барои беҳтар шудани фаъолият вазифаҳои мушаххас супорида шуданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>