Имрӯз дар  ҷаласаи навбатии ҳайати  мушовараи Раёсати маорифи вилоят , ки  бо иштироки муовини Раиси вилоят  Назира Ғаффорӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо  сурат гирифт, натиҷаи фаъолият   дар   нимсолаи аввали соли  ҷорӣ мавриди   баррасӣ қарор дода шуд.  Дар ҳисоботи раёсати маорифи вилоят, ки аз ҷониби мудири шуъбаи Хадамоти давтлатии назорат дар соҳаи маориф Абдураҳим Қурбонов қироат гардид, бурду бохти маорифчиён дар давоми  шаш моҳи соли ҷорӣ инъкоси худро ёфт. Дар баробари муваффақиятҳои зиёд оид ба норасоиҳову мушкилоти  соҳа, аз ҷумла, таъминот бо китобҳои дарсӣ махсусан  дар мактабҳои таҳсилашон  бо забони ғайритоҷикӣ, таъминот бо мизу курсӣ, ташкили кабинетҳои  фаннию ташхисгоҳҳо,  таъмири компютерҳои корношоям,   набудани биноҳои алоҳида барои Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҳам дар вилоят ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳо, таъмини мактабҳо бо равоншиносони касбӣ сухан рафт.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ  диққати ҳозиринро ба   кам шудани шумораи ғолибони олимпиадаҳои  ҷумҳуриявӣ аз вилоят дар се соли охир, аз меъёр зиёд будани қабул ба мактабу  кӯдакистонҳои хусусӣ, ҷараёни сусти таъминот бо либоси ягонаи мактабӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо равона намуд.

Дар фарҷоми  ҷаласа  сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каризода  оид ба беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи  соҳа дар назди сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маориф вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>