Дар Шӯрои шӯъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф фаъолияти 6-моҳаи аввали соли 2016 натиҷабардорӣ шуд. Аз ҷониби Хадамоти вилоятӣ ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 122 таълимгоҳ аттестатсия шуда, аз ҷумла, 7 муассиса аз аттестатсия шартан гузаронида шудааст, ки нақшаи солонаи аз аттестатсия гузаронидани муассисаҳои таълимӣ 53,5% иҷро гардид.

Дар фаъолияти бахшҳои хадамот ҳарчанд муваффақияту пешравиҳо дида шаванд ҳам, ҳанӯз муаммою камбудиҳо ҷой доранд.

Дар шуро оид ба баргузории сифати аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, воқеъбинона баҳогузорӣ намудан ба сатҳи дониши хонандагон, саривақт иҷро намудани қарорҳои шӯрои вилоятии хадамот, риояи замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ, баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти хонандагоне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил намудаанд, эродҳо баён гардиданд.

Дар аксари муассисаҳои намуди нави шаҳрҳои Хуҷанд шумораи хонандагон дар синфхо аз меъёр зиёд буда, масоҳати меъёрӣ ба муҳассилин ҷавобгӯи талабот нест. Чунин камбудӣ дар кӯдакистонҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба мушоҳида мерасанд. Дар шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ бе литсензия фаъолият намудани таълимгоҳ ошкор карда шуд.

Ҳамчунин пешниҳоди ҷавоби саривақтӣ ба ҳуҷҷатҳои назоратӣ, қарорҳои Хадамоти вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Айнӣ ва Зафаробод қисман таъмин нагардидааст. Масъалаи муқарраркунии дониши хонандагони аз муҳоҷират баргашта, таҳсили нотамомдошта (нострификатсия) дар шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Ашт саҳеҳ ба роҳ монда нашудааст.

Аз шахсони масъули шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Б.Ғафуров, Ашт пурсиш ба амал омада, нисбати камбудиҳои ҷойдошта вазифагузорӣ карда шуд.

Аз ҷониби мудири шуъбаи вилоятии Хадамот А. Қурбонов ба сармутахассисони бахшҳои хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки баҳри иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ, татбиқи амалии ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа масъулиятро афзун намоянд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>