Чанде қабл дар толори Мактаби Президентии шаҳри Чкалов бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорова ва сардори раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосимӣ ҷаласаи ҷамъбастии мушовараи Раёсати маорифи вилоят дар давоми моҳҳои январ- марти соли равон доир гардид.

Дар оғози чорабинӣ Осим Каримзода аҳли толорро бо ҳайати нави мушовараи Раёсати маорифи вилоят, ки бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, шинос намуд.

Муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорова дар рафти баромади худ аз дастгирии доимии давлату ҳукумат, шахсан Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, вазъи имрӯзаи таълиму тарбияро дар миқёси вилоят мӯйшикофона таҳлил намуд.

Дар идомаи маҷлис масъалаҳое аз қабили натиҷаи рӯзҳои раёсати маорифи вилоят оид ба санҷиши вазъи таълиму тарбия ва иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ашт, шароити маишӣ, зист ва дониши тарбиятгирандагони мактаб-интернати вилоятии шаҳри Чкалов, рафти амалишавии қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Раиси вилоят «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Масчоҳ, натиҷаи аттестатсияи гимназияи №7 ноҳияи Ашт, рафти компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ ва санҷиши сатҳи дониши хонандагон аз фанни технологияи иттилоотӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Конибодом мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Пеш аз ҷамъбасти маҷлис маросими супоридани ифтихорномаю сипосномаҳо ба ғолибони як қатор озмунҳои вилоятӣ ва пешқадамони маъракаи обуна ба нашрияи «Корвони умед» доир гардид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>