DSCF0641Санаи 18.04. 2017 дар толори маҷлисгоҳи МТМУ№4 шаҳри Бӯстон ҷаласаи мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид. Дар ҷаласа, ки таҳти раисии сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. гузашт, кормандони масъули Раёсат, намояндагони сохторҳои зертобеъ ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.    Ҷаласаи мушовара асосан ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти семоҳаи Раёсати маорифи вилоят бахшида шуд ва дар рафти он 15 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин гузориш оид ба натиҷаҳои даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактабиён шунида шуд. Натиҷаи рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят дар шаҳру ноҳияҳо, рафти иҷроиши қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, татбиқи консепсияҳои миллии тарбия ва таҳсилот, вазъи таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳо, тақвияти фаъолияти Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ, ҳолати бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ, коҳиш додани вазъи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва дар умум баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия аз ҷумлаи масъалаҳои асосии баррасишуда буданд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда сардори Раёсати маорифи вилоят аз шахсони масъул пурсиш ба амал овард.
Ҷаласаи мушовара бо вазифагузориҳои сардори Раёсати маорифи вилоят ба охир расид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>