Рӯзи гузашта, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷамъбасти Озмуни “Сайбер Наврӯз”, аз тарафи муассисаи давлатии Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия назди Раёсати маорифи вилояти Суғд бо ҳамкории ширкати моблии Tcell баргузор гардид.
Дар озмун зиёда аз 20 лоиҳаҳо қабул карда шуданд, ки доир ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва инноватсионию таълимиро дарбар мегирифтанд. Инчунин дар байни иштирокчиён ду ҷавондухтарон низ иштирок доштанд, ки лоиҳаи Азимова Макнуна хонандаи МТМУ №17 ш. Хуҷанд беҳтарин ҳисобида шуда ҷоизаи “Сайбер Малика”-ро сазовор гардид.
Барои се лоиҳаҳои беҳтарини озмун, ки аъзои ҳакамон беҳтарин ҳисобиданд аз тарафи ҳамкори чорабинӣ тӯҳфаи хотиравӣ, телефони мобилии замонавӣ тақдим гардид. Ба дигар лоиҳаҳое, ки барои ҳалли масъалаҳои муассисаҳои таълими ва ё беҳдошти раванди таълимро дарбар мегирифтанд бо 10, 5 ва 3 ҳазор Мбайтҳои ройгон қадрдони карда шуданд.
Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳри Душанбе иштирокчиёни фаъол ва ғолибони озмунро барои иштирок дар Ҳафтаи технологияи, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ки санаҳои 11-16 апрел дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад таклиф намудааст.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бори аввал дар вилояти Суғд барои ҷавонон бо мақсади рушди технологияҳои иттилоотӣ дар байни ҷавонони рақамӣ ва иштироки зеҳнии онҳо дар ҳалли масъалаҳои марбут ба минтақа ташкил карда шудааст.