Дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят мутобиқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.03.2015, № 625 аттестатсияи хатм оғоз гардид.
Хатмкунандагони синфи 9 –и таълимашон ба забони тоҷикӣ аз фанни забони русӣ ва таълимашон бо забони ғайритоҷикӣ аз забони давлатӣ диктант супориданд.
Хатмкунандагони синфи 11 бошад мутобиқ ба равияҳои таҳсил аз аттестатсияи шифоҳӣ аз забони хориҷӣ ва технологияи информатсионӣ гузаштанд.
Ёдовар мешавем, ки имсол синфи 9-ро 43906 нафар ва синфи 11-ро 33015 нафар хатм менамоянд.