Дирӯз дар маҷлисгоҳи раёсати маорифи вилоят бо иштироки мутахассисони соҳаи иқтисодиёти раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо семинари дастурдиҳӣ баргузор гардид.

Муовини сардори раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов семинарро оғоз намуда, қайд намуд, ки соли гузашта дар тартиб додани ҳисоботҳои оморӣ ба хатогиҳои роҳ дода шуда буданд ва мақсади баргузории чорабини имрӯза ба масъулин фаҳмонида додани тарзи дурусти тартиб додани ҳисоботҳои оморӣ ва ба идораҳои дахлдор пешниҳод намудани онҳо мебошад.

Сипас аз ҷониби мутахассисони шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омори раёсати маорифи вилоят ба ҳозирин ба таври амалӣ оид ба тарзу тариқи саҳеҳи тартиб додан ва ирсоли ҳисоботҳои оморӣ дар шакли электронӣ дастурҳои муфид доданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>