Баробари ҷаҳонишавии раванди нав дар олам, бо хотири тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ муборизаи давлатҳои абарқудрат авҷ гирифта, ҳодисаҳои номатлуб меафзояд. Аз ҷумла, терроризму экстремизм густариш ёфта, ба ҳар хона аз маърифат дур будан роҳ меёбад.
       Дар ҷомеаи муосири мо ҳар як шахси худогоҳ бояд бидонад, ки ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта бошанд, бо сабру таҳаммул ҳаётро рангину зебо гардонем. Ба зидди ифротгароӣ зиракии сиёсиро қавӣ гардонем. Ҷавононро аз гумроҳӣ раҳо созем. Дар ин самт бар зидди террористону экстремистон тамоми тадбирҳоро биандешем. Ифротгароӣ амали номатлуб буда, дар худ оқибат шармсорӣ, бадномӣ дорад, шармсорӣ ба хонадонҳо падид меояд.
     Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олӣ эътироф шудаанд. Ҷавонони мо дониста бошанд, ки раҳгумзадагиву носипосиву ғуломи хоҷагони хориҷӣ шуданҳо оқибатҳои вазнин доранд.
Ифротиёни носипос фаромӯш кардаанд, ки ин ҳама бадхоҳӣ оқибат баҳои ҳақиқии худро мегирад. Оқибат ба пушаймонӣ оварда мерасонад. Ифротиён хоинони Ватан ҳастанд. Аз онҳо мо ҳазар мекунем.
Ҳар як сокини кишварамон дарк кунанд, ки шароити арзандаи зиндагӣ дорем.
Усмон САИД,
собиқадори меҳнат, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>