Раёсати маорифи вилоят дар асоси эълони Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.03.2016 маълум менамояд, ки озмуни қабули довталабон барои таҳсил  дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба бурсияҳои ҷудогардидаи Федератсияи Россия аз рӯи зинаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баъд аз хатми синфи 11, бакалавр, мутахассис, магистратура, аспирантура ва ординатура баргузор мегардад.

Ба имтиҳони қабул шаҳрвандоне, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва олии касбӣ мебошанд ва бо баҳоҳои хубу аъло таҳсил намудаанд инконияти иштирок карданро доранд.

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро то санаи 19.03.2016 ба маркази қабул ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд супорида, аз қайд гузаранд ва варақаи иҷозатнома ба озмунро дастрас намоянд. Дар ҳолати надоштани иҷозатнома, довталабон ба озмун роҳ дода намешаванд.

Маълумоти бештарро аз Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят (телефони (83422) 6-45-69) ё сомонаи «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» www.edu-cip.tj гирифтан мумкин аст.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>