DSCF2957Дар толори маҷлисгоҳи Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, кормандони раёсатҳои маориф, тандурустӣ, молия, ҳифзи иҷтимоӣ, маркази санитарию эпидемиологӣ ҷаласа доир ба натиҷаҳои санҷиши прокурорӣ дар хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳои вилоят доир гардид.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ оғоз гардид.
Донохон Ҷӯраева, прокурори калони шуъбаи назорати қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонон, мушовири адлияи дараҷаи 2 дар бораи натиҷаҳои санҷиши прокурорӣ дар хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо гузориши муфассал дод. Зикр шуд, ки дар аксари муассисаҳо вазъи санитарию эпидемологӣ, саривақт аз муоинаи тиббӣ нагузаштани кормандон ба чашм расида, бе қарори раисони шаҳру навоҳӣ ба мактаб- интернатҳо бачаҳо қабул карда шуданд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки ҷудо намудани маблағи рӯзмарра барои хӯрока дар аксари муассисаҳо кифоягӣ намекунад. Дар мавсими сармо хонаҳои бачагон мувофиқи талабот гарм карда намешавад. Бинобар сари вақт омода накардани ҳуҷҷатҳои даркорӣ аз буҷаи шаҳру ноҳияҳо маблағи сметавӣ ба Хонаҳои кӯдакон ва мактаб- интернатҳо ҷудо нагардидааст.
Назира Ғаффорӣ аз муовинони раисони шаҳру навоҳии Конибодом, Хуҷанд, Исфара, Бӯстон, Истравшан, Шаҳристон Спитамен ва Кӯҳистони Масчоҳ, сарварони Хонаи кӯдакон, мактаб- интернатҳо, масъулини соҳаҳои молия, ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати ҳалли камбудиҳои ҷойдошта пурсон шуда, таъкид дошт, ки бояд ҳар як нафар ба кори худ масъул бошад. Бо сарпарастону хайрҳоҳон робитаи зичи ҳамкорӣ бояд сурат гирад. Ба роҳбарияти молияи вилоят, Раёсатҳои маориф ва тандурустӣ дастур дода шуд, ки ҳаҷми маблағи меъёри рӯзмарраи хӯрокаи бошандагони Хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо муайян карда шавад.
DSCF2962Дар қисмати дуюми ҷаласа вобаста ба натиҷаҳои ҷамъбасти семоҳаи Раёсати маорифи вилоят сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода гузориш дода, ҷиҳати вусъат бахшидани барномаҳои давлатии компютеркунонӣ, ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо, ташкили мактабу кудакистонҳои хусусӣ, пешгирии ҳолатҳои ҷиноятсодиркунӣ, худкушӣ аз ҷониби ноболиғон, ташкили маҳфилҳои ҳунарҳои миллӣ, таъмини хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо сару либоси ягонаи мактабӣ дар такя ба факту далелҳо андешаҳои худро баён дошт.
Муовини Раиси вилоят барои ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта ба муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳо супоришҳои қатъӣ дод.
Бо ҳамин ҷаласа хотима ёфт.

Абдусабур Абдуваҳҳобов

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>