284140712_383063277200728_5720479310636711395_nБадахшони куҳӣ, яке аз зеботарин, дилработарин мавзеъест, ки бо мардуми бофарҳангу меҳмоннавозаш бо қуллаҳои осмонбӯс, лаълу гуҳару ёқути бемислаш машҳури оламиён гаштааст. Бадахшони куҳӣ қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми сарбаланди тоҷик буду мемонад…
    Таи чанд рӯзҳои охир воқеаҳои нанговаре, ки дар Бадахшон рух додааст, халқи тоҷикро бетараф гузошта наметавонад. Яке аз чунин ҳодисаи рух дода, ин ҳам безарар гардонидани яке аз лидерҳои ҷиноятпешаи муташаккил, бо номи Маҳмадбоқири Маҳмадбоқир мебошад.
    Маҳмадбоқир кӣ буд? Ӯ ба ном лидери ҷиноятпешаи худхондае буд, ки ба қонун ва мизони давлату ҳукумат зиддият нишон дода худро ҳақиқатхоҳ ва ватанпарвар меҳисобид. Дар асл донишу малакаи зиёде надошта, даст ба беназмию нооромӣ ва парокандагии мардуми осоишта зада, ба раванди сулҳу ваҳдат ва якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол халалҳо ворид сохтанӣ мешуд. Ҳарчанд қонун борҳо нисбат ба роҳи хатои пешгирифтааш таъкидҳо карда бошад ҳам, сарфарори накарда, зиддиятҳо нишон медод…
Оқибат ин лидери ғайрирасмӣ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, дар натиҷаи муноқишаи байниҳамдигарии дохилии гурӯҳҳои ҷиноятпеша ба қатл расонида шуд. Чуноне дида истодаем, имрӯзҳо бархе аз нохалафони миллат бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, айбро гардани давлату ҳукумат бор кунанд.
   Аммо бо боварии қотеъона метавон гуфт, ки ҳадафи навбатии хиёнаткорон ҷомаи амал напӯшид!
   Мардуми бофарҳангу боиродаи ВМКБ чун дигар ҳамватанони азизи хеш ба ҳар гуна дасисаҳо дода нашуда, хулосаҳои зарурии хешро бароварда, таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри шукуфоӣ ва дурахшонии фардои халқи тоҷик ҳиссагузорӣ хоҳанд кард.
Сарҳатов Б.
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>