Амали ноҷавонмардонаеро, ки рӯзи 29 июл дар шоҳроҳи Данғара- Душанбе дар мавзеи Себистон аз ҷониби чанд тан ҷавонони гумроҳ ба вуқӯъ пайваст, бо як ҷаҳон андӯҳу надомат қабул кардам. Ҳадафи ин амали ноҷавонмардона, ки аз ҷониби ҳизби террористиву экстремистии ҲНИ дар ҳамбастагӣ бо ДИИШ тарҳрезӣ гардида, аз ҷониби пайравони гумроҳи он содир шудааст, ин халадор кардани оромии кишвар, латма задан ба мавқеъ ва обрӯи Тоҷикистони орому осоишта, пеш овардани монеа барои вориди шумораи зиёди сайёҳон равона гардидааст.
Бале, рушди кишвари азизро баъзе нохалафон таҳаммул карда наметавонанд. Аз ин рӯ, бо амалҳои ифроткоронаи худ мехоҳанд обрӯю нуфузи Тоҷикистонро дар байни дигар кишварҳо паст зананд.
Ҳар амали бадро подоше ҳаст. Магар ин нафарон намедонанд, ки ин амали ноҷавонмардонаашон нафрати халқро нисбаташон меафзояд, дуои бади халқ мегирад. Маълум, ки барои ин ифротиён манфиати моддӣ аз манфиати халқу Ватан болотар меистад. Пас инҳо ватанфурӯшонанд, ки ба чанд фулусе оромию осоиши Тоҷикистони азизро иваз намудаанд. Ба истилоҳи дигар ин хоинони миллат кӯрнамак ҳастанд, солҳо нони миллати тоҷикро хӯрдаанд, дар беҳтарин таълимгоҳҳо аз омӯзгорон сабақ омӯхтаанд. Имрӯз бошад, саркардагони ватанфурӯши ҳизб дар кишварҳои Аврупо ба сар мебаранд ва сайёҳони онҳоро мекушанд.
Имрӯз мардум саркардагони ҷанги бемаънии таҳмилии солҳои навадуми қарни гузаштаро бо нафрату надомат ба хотир меоранд ва албатта, ин ҷавонони гумроҳи фурӯхташуда, ки ба номи саркардаи худ Ал- Бағдодӣ қасам ёд кардаанд, ба нафрати сахти халқ гирифтор мешаванд.
Бо ин кирдори нангин террористон ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор доданианд, ки мақсади бунёди давлати исломиро доранд. Аммо, давлати бунёдменамудаи онҳо чӣ давлате хоҳад буд, ки аслаш қатлу куштор, тарсу ваҳм, нафрат ба дигар дину фарҳанг аст?
Бо ин амали хоинонаи худ гумроҳони наҳзатӣ мехоҳанд тухми кинаву адоватро байни мардум паҳн намоянд. Ҳодисаи мазкур моро ҳушдор медиҳад, ки нисбати ҳар гуна ҷинояткорон бетараф набошем, дар тарбияи ватандӯстии насли наврас ҷиддан саъй варзем. Имрӯз дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои миллат сарҷамъ гардида, барои ваҳдату ягонагӣ, аҳлию тифоқии дӯстиву рафоқат ва муҳимтар аз ҳама барои баланд бардоштани савияи дониши сиёсии ҷавонону наврасон беш аз пеш кӯшиш ба кор барем.

Осим Каримзода,
сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>