2Тибқи нақшаи кории Хадамоти  давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилояти Суғд санаи 25 апрели соли 2019 семинари вилоятии  мудирон, сармутахассисони шуъба ва бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар гимназияи №2-уми ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Бӯстон баргузор гардид.
Дар кори семинари вилоятӣ мудири шуъбаи аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии дастгоҳои марказии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Наврӯзов Ҳ.А., муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Раҳматов С.А., мудир ва кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилояти Суғд, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон Ҷамолиддин Насриддинзода, мудирон, сармутахассисон ва мутахассисиони пешбари бахшҳои шаҳриву ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф иштирок доштанд.
Семинар бо сухани ифтитоҳии мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон Ҷамолиддин Насриддинзода оғоз гардид.
4Аз ҷониби мудири шуъбаи аттестатсия ва аккредитатсияи давлатии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Наврӯзов Ҳ.А., муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Раҳматов С.А. ҷиҳати вусъат бахшидан ба кору фаъолияти бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дастур дода шуд. Зимнан қайд шуд, ки Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот бояд дастури ҳамешагии масъулон бояд қарор гирад.
Дар идомаи семинар мудири шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Қурбонов А.О. иштирокчиёнро бо рӯзномаи кори семинар шинос намуд.
1Зимни баррасии барномаи семинар сармутахассиси шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф  Хоҷаев Б.Ҳ. дар мавзӯи «Роҳҳои санҷиши сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» баромад намуда, роҳҳои тарзи ташкил ва гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот, аз ҷумла  сохт ва шаклҳои  мониторинг, марҳилаҳои мониторинг ва ҷамъбасту баҳогузорӣ ба хонандагон ба иштирокчиён маълумоти пурра дод.
Инчунин, мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон Абдуллоев Ғ. дар мавзӯи «Дастур барои роҳбарони гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилоти умумӣ» маърӯза намуда, ба иштирокчиёни семинар роҳҳои муайян намудани фоизи баҳоҳо, шакли навиштани умумии баробарӣ, тарзи тартиб додани ҷадвали аз натиҷаи санҷиши сатҳи сифати дониши хонандагон маълумоти муфассал дод.
Дар охир, аз тарафи роҳбари гурӯҳи  идоракунии сифати таҳсилоти гимназияи №2 –уми шаҳри Бӯстон Маҳмудова М. дар мавзӯи «Фаъолияти ГИСТ дар гимназияи №2» баромад намуда, оид ба фаъолияти кори аъзоёни гурӯҳи  идоракунии сифати таҳсилоти гимназия ва аз натиҷаи мониторинги сатҳи сифати дониши хонандагон дар нимсолаи аввал маълумот дод.
Иштирокчиёни семинар доир ба масъалаҳои кори семинар андешаронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои худро нисбати мавзӯъҳои семинар баён намуданд.
Дар охир, мудири шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф Қурбонов А.О. семинарро ҷамъбаст намуда, ба иштирокчиён ва баромадкунандагон ва ба маъмурияти гимназияи рақами 2 –уми шаҳри Бӯстон барои дар сатҳи баланд доир намудани семинар изҳори миннатдорӣ намуд.

Қурбонова Л.А., Сармутахассиси бахши
Хадамоти давлатии назорат
дар соҳаи маорифи шаҳри Бӯстон

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>