Дар арафаи таҷлили ҷашни касбии Рӯзи омӯзгорон  ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, собиқадорони соҳа, омӯзгорони пешқадам ва кормандони Раёсат доир гардид. Ҷаласа бо сухани ифтитоҳӣ ва табрики сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримзода кушода шуд.

jalasai_9_mohaДар ҷаласа масъалаҳо оид ба рафти иҷроиши қарори Раиси вилоят аз 16.12.2015, №547 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2016, рафти аттестатсияҳои такрорӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, дохилшавии довталабон ба мактабҳои олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ дар  соли таҳсили 2016-2017  дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд аз 15.09.2016, №11/47 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда марбут ба масъалаи дастрасии квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагони болаёқат”, пешниҳоди прокуратураи вилояти Суғд аз 31.08.2016, №11/43 сод.16 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда марбут ба ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани ноболиғон-хонандагони муассисаҳои таълимӣ” ва мактуби Сарраёсати сӯхторнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Баъди баррасии масъалаҳо, пурсиши сардори Раёсати маорифи вилоят аз шахсони масъул, вазифагузориҳои муовини Раиси вилоят ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва боз ҳам беҳтар намудани сифати кори таълиму тарбия ба ифтихори Рӯзи муаллимон ба як гурӯҳ омӯзгорони пешқадаму навовар ва ходимони соҳаи маориф нишони сарисинагии Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, Раёсати маорифи вилоят, кумитаи иттифоқҳои касабаи коркунони соҳа дар вазъияти тантанавӣ тақдим гардид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>