20191022_094444Аз санаи 22 то санаи 26 октябри соли 2019 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 – шаҳри Хуҷанд ва мактаб барои хонандагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  даври вилоятии озмуни  «Омӯзгорони ҷавони сол» баргузор гардид.  Дар озмун омӯзгорони ҷавони ғолиб аз 16 шаҳру навоҳии вилоят аз рӯи шартҳои дарси намунавӣ, тартиб додани нақшаи дарсӣ, санҷиши дониши назариявӣ, мизи мудаввар, ҳолатҳои педагогӣ – равонӣ, кор бо компютер ва таҳтаи электронӣ бо ҳам рақобат намуданд.  20191021_095512 Омӯзгорони ҷавони шаҳру навоҳии Хуҷанд (Ибрагимов Муъминҷон, омӯзгори Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон), Бобоҷон Ғафуров (Ҷӯраева Шаҳло, омӯзгори МТМУ №10), Бӯстон (Шоҳнасратова Надима, омӯзгори МТМУ № 3), Исфара (Қаҳхоров Абдурасул, омӯзгори МТМУ №68), Конибодом (Мирзозода Гулмира, омӯзгори Гимназияи №1), Деваштич (Турсунбоева Саноат, омӯзгори МТМУ №51), Спитамен ( Назирбобоева Заррина, омӯзгори МТМУ№27), Панҷакент (Саидмуродзода Тоҷинисо, омӯзгори МТМУ №3) аз худ маҳорати баланди истеъдод нишон дода, ба гирифтани холҳои зиёд мушарраф гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят  соли сеюм аст, ки бо мақсади ҳавасмандии омӯзгорони ҷавон, дарёфти соҳисистеъдодҳо  баргузор мегардад.

Абдусабури  Абдуваҳҳоб

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>