Вобаста аз намуди маҳфил (ихтироъкорӣ, тахассусӣ, фаннӣ) мақсад ва вазифаҳои он гуногун мешавад. Агар мақсади ниҳоии маҳфили ихтироъкорӣ дар хонанда бедор намудани ҳисси ихтироъкорӣ ва иштирок дар озмунҳои гуногуни ихтирокорон ва навоварон бошад, мақсади маҳфилҳои фаннӣ васеъ намудани дониш, маҳорат ва малакаи хонанда ва иштирок дар озмунҳои гуногуни фаннӣ мебошад. 

     Озмуни вилоятии ихтироъкорон байни хонандагон соли 2018 дар бахши хуҷандии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он хонандагон асосан ихтироъҳоеро намоиш доданд, ки ба самти робототехника равона шуда буданд.

      Барои бедор намудани ҳисси ихтироъкорӣ ва ба он ҷалб намудани хонанда дар самти робототехника, албатта, мушкилиҳо зиёданд. Новобаста аз ин дар самти мазкур ба натиҷаи баланд расидан мумкин аст. Барои ташкили маҳфилҳои робототехника воситаҳои зарурӣ бояд аз тарафи мактаб харидорӣ шаванд.

       Барои омода намудани хонанда ба олимпиадаи фанни технологияи иттилоотӣ аз китобҳо ва сомонаҳои махсус васеъ истифода мебаранд. Дар озмун аз хонанда асосан ҳалли масъалаҳои гуногун ва навиштани рамзи барнома талаб карда мешавад. Ин аст, ки дар бештари маҳфилҳои фаннӣ ҳалли масъалаҳои гуногун ба нақша гирифта мешаванд. Чунин таҷриба дар маҳфилҳои муассисаҳои гуногун ба назар мерасанд. Малакаи ба даст овардаи хонанда дар ҳалли масъалаҳои олимпӣ барои ҳалли масъалаҳои воқеӣ кифоя нест. Пас барои ташкили маҳфилҳои фаннӣ чӣ интихоб карда шавад? Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир тамоюли корҳои масофавӣ тариқи фрилансерӣ зиёд гардида истодаанд. Пас омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ метавонанд, ба ҷои масъалаҳои олимпӣ аз масъалаҳои фрилансерӣ истифода намоянд. Бар замми ин дар ҳолати ҳалли мусбии масъалаҳо маблағи пулӣ низ ба даст овардан мумкин аст.

     Доираи масъалаҳои Desktop барномарезӣ хеле васеъ буда, аз масъалаҳои одӣ сар карда, то лоиҳаҳои мураккаб вазифагузорӣ мешаванд. Бо ташкили маҳфил, албатта, ҳамаи масъалаҳои ин самтро ҳал кардан ғайриимкон аст. Новобаста аз интихоби масъала дар ин самт омӯзиши забонҳои барномарезӣ тавсия карда мешавад:

Бо тартиб додани мундариҷаи дурусти маҳфилҳо омӯзгорон метавонанд ҳаваси хонандаро ба омӯзиш бедор созанд. Хонанда баъди маҳфил он чи ки аз худ кард, мустақилона давом дода метавонад.

Г.СОЛИЕВА, омӯзгори технологияи иттилоотии ММТУ № 10,   ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>