Филиали муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» (ДҶТИБКСМ) дар вилояти Суғд аз санаи 01.08.16 то 13.08.16 барои шунавандагон курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони фанҳои забони давлатӣ ва забону адабиёти тоҷик машғулиятҳои лексионӣ ва корҳои амалӣ доир намуд.
Дар он зиёда аз 40 нафар шунаванда аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров, Ашт, Истаравшан, Конибодом, Исфара, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Зафаробод иштирок намуданд. Директори феълии ин муассиса номзади илмҳои кимиё Исматдинов М.Э, ҷонишини директор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ Мӯсоев А., баҳри пурсамар доир гардидани курсҳои омӯзишӣ шароити хуб омода карданд. Дар ташкил ва гузаронидани семинарҳои мақсаднок барои шунавандагон кормандони ин муассиса мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ Юсупова Малоҳат, омӯзгори калони ҳамин кафедра Набиева Муқаддам, номзади илмҳои таърих Ҳомидов Нурулло, мудири кафедраи педагогика ва психологияи методикаи таълим Раҳимова Муҳаррам саҳм гузоштанд.
Бояд гуфт, ки дар ин курс барои мо — шунавандагон зиёда аз 20 усули нави фаъоли таълими фанни забони давлатӣ ва забону адабиёти тоҷик омӯзонида шуд. Фарқияти курси мазкур аз солҳои пешин дар он аст, ки амали шунавандагон нисбати роҳбарони гурӯҳ бештар аст. Яъне, роҳбар бо фаҳмонида додани мақсад ва натиҷаи усулҳои гуногун иктифо менамояд, шунавандагон худ мустақилона ин усулро меомӯзанд, сипас аз ҷониби роҳбар он мукаммал мегардад, ки ин ба худфаъолиятии омӯзгоронро такмил медиҳад. Бахусус, ҳангоми омӯзиши курс барои шунавандагон истифодаи воситаҳои техникӣ мақсаднок буд. Аз ҷониби муаллима Раҳимова М. ҳангоми матраҳ намудани масъалаи «Хислатҳои фарқкунандаи бачагони муаммодор» ба намоиш гузоштани роликҳо ва филмҳои ҳуҷҷатӣ хеле нишонрас буд. Он омӯзгоронро водор намуд, ки ҳангоми бо чунин хонанда рӯ ба рӯ шудан чӣ гуна рафтор намоянд, роҳҳои аз ин вазъият баромаданро ҳаматарафа омӯхта, чун педагог дарк намоянд.
Аз ҷониби муаллима Юсупова М. шунавандагон маҳорати касбӣ, нутқи бурро кардан, ба хонанда бо далелҳои қотеъ масъалаву мавзӯъро фаҳмонидан, кор бо гурӯҳҳоро омӯхтанд. Ҳамчунин муаллима Юсупова М. бори дигар тарзи кор бо ҳуҷҷатҳои зарурии таълимӣ ва мақсади ҳар як ҳуҷҷатро фаҳмонида доданд. Омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарӣ Набиева М, ки роҳбари гурӯҳи шунавандагони муаллимони забону адабиёти тоҷик буданд, семинарҳои шавқовар доир намуданд.
Бо хоҳиши гурӯҳи омӯзгорони фанни забони давлатӣ як рӯз гурӯҳҳо муттаҳид гардонида шуданд, ки он боиси манфиатбор гардидани курси омӯзишӣ буд. Байни гурӯҳҳо баҳсҳои ҷолиб дар атрофи омӯзиши мавзӯъҳои забону адабиёти тоҷик доир гардид. Дар таълими мавзӯъҳои «Хайр ва шар», «Достони Рустам ва Суҳроб» ва ғ. методҳои шавқовари омӯзиши он барои хонандагон пешниҳод гардид.
Баҳри омӯхтани маҳорати касбии омӯзгорони эҷодкору навовари вилоят ба омӯзгорон-шунавандагони курс 40 номгӯйи корҳои эҷодӣ аз оғози курс пешниҳод гардида буд, ки он аз тарафи омӯзгорон навишта шуда, дар назди роҳбарону масъулон ҳимоя гардид ва беҳтарин корҳо дар Шӯрои илмӣ-методии муассисаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, эҷодкорони он бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Шаҳноза Зарипова, омӯзгори
«Гимназияи ба номи Ё.В.Гёте», ш. Хуҷанд