Ҷомеаи меҳнатии мактаб – интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон соли хониши 2015-2016-ро бо нишондиҳандаҳои баланд ҷамъбаст карданд.

Аз 10 нафар хатмкунандагони муассисаи мазкур 4 нафар ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 1 нафар ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино, 1 нафар ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 1 нафар ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, 1 нафар ба Донишгоҳи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон, 2 нафар ба коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд дохил шуданд.

Ин нишондиҳанда омӯзгорону хонандагони мактаб – интернатро руҳбаланд ва азму талоши онҳоро дар фаъолияти минбаъда бештар гардонид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>