DSCF2577Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории Институти «Ҷамъияти  Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон чанд сол мешавад, ки дар чорчӯбаи барномаҳои  «Омӯзиш ва парвариши барвақтии кӯдакон»  ва “Тандурустӣ” бозомӯзии “Дахолати барвақтии кӯдакон”- ро гузаронида истодааст.  Ин бозомӯзӣ барои намояндагони сохторҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ, муассисаҳои таълимии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи рушди барвақтӣ ва парастории кӯдак дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ баргузор гардида истодаанд.

         Бо мақсади омода намудани мутахассисон, огоҳии бештар ёфтани сарварони ташкилотҳои ҷамъиятии бо кӯдакони имконияташон маҳдуд сарукор дошта аз ин лоиҳа бо ҳамдастии  Институти «Ҷамъияти  Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фонди ҷамъиятии ФСДС дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ташкилоти ҷамъиятии «Волидони кӯдакони тамоюлҳои инкишоф» ва ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон» Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъиятӣ оиди Дахолати барвақтӣ созмон ёфта, шӯро  соле ду маротиба натиҷаҳои роҳандозии лоиҳаро хулосабардорӣ мекунад.

20180119_094730Дирӯз дар Маркази таълимии Бонки миллӣ дар шаҳри Гулистон маҷлиси 2- юми аъзоёни Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъиятӣ оиди Дахолати барвақтӣ доир гардид. Дар маҷлис Латофат Назирӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осим Каримзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, Шатен Тохтогазиев намояндаи фонди ФСДС (Ҷумҳурии Қирғизистон),  намояндагони Институти «Ҷамъияти  Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисони соҳаи рушди барвақтӣ ва парастории кӯдак ширкат варзиданд.

Латофат Назирӣ зимни ифтитоҳи чорабинӣ қайд кард, ки ҳадафи асосии гузарондани силсилаи бозомӯзиҳо доир ба дахолати барвақтии кӯдак, пеш аз ҳама барои  тайёр кардани мутахассисон ва ташкили фаъолият дар минтиқаҳои мамлакат, ки он ба дастгирии оила ва ташкилотҳое, ки имконияти бештар дар инкишоф ва таълими кӯдакони хурдсолро доранд, равона шудааст. Дар ин бозомӯзиҳо масъалаҳои таъсиси гурӯҳҳои мухталифсамт бо ҷалби мутахассисон, амалӣ гардидани лоиҳаҳои дахолати барвақтии кӯдакон дар минтақаҳо, нақшаи рушди ҳамкорӣ бо шарикон, тарҳрезии нақшаи фардии кӯдак ва ғайра баррасӣ гардиданд.

Осим Каримзода дар баромади хеш зикр дошт, ки аз ҷониби Раёсати маорифи вилоят тадбирҳо ҷиҳати афзун намудани маблағгузорӣ дар ин самт, ёрмандӣ ба ятимону маъюбон, нафақахӯрон, дастгирии оилаҳои камбизоат, парастории пиронсолони ниёзманд, таъмиру таҷдиди мактаб-интернатҳо, Хонаҳои кӯдакону пиронсолон ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани онҳо амалӣ гардида, ин сиёсат ҳамасола идома меёбанд. Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии вилоят 1751 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла 699 духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.  Баробари ин зикр бояд кард, ки имрӯз ба таълими хонагӣ 779 нафар, аз ҷумла 347 нафар духтарон фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Исфара, Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Б.Ғафуров бо ҳамдастии ташкилоти ҷамъиятии “Рангинкамон” дар ин самт як қатор корҳои судманд ба анҷом расиданд. Аз ҷумла, дар 9 муассисаҳои томактабии  шаҳри Исфара, Ҷамоатҳои деҳоти Исфара, Нефтобод, Лаккон, Кулканд, Навгилем, Сурх, Чоркӯҳ, Чилгазӣ барои фарогирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таълиму тарбия дар гурӯҳҳои кӯдакистонҳо бо барномаи  дахолаткунии  барвақтӣ  тадбирҳои зиёде амалӣ шуда истодаанд, ки ин шоистаи қайд аст.  Раёсати маорифи вилоят ҷиҳати мусоидат ба рушди барномаи дахолати барвақтӣ барои кӯдакони дар инкишоф қафомонда ва муаммодошта тибқи нақшаи махсус тарҳрезигардида фаъолияти худро ташкилу равона менамояд.

Сабоҳат Ахмедова роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Рангинкамон» зимни муаррифии натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъиятӣ оиди Дахолати барвақтӣ дар моҳҳои июн ва декабри соли 2017 қайд кард, ки ҳанӯз ҳам волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд аз моҳият ва аҳамияти тадбири Дахолати барвақтӣ огоҳии бештар надоранд. Хуб мешуд, ки мутахассисон, аз ҷумла тренерон дар ин самт масъулият ҳис намуда, ҳар чи беҳтару хубтар фаҳмонидани паҳлӯҳои гуногуни ин лоиҳаро мефаҳмониданд.

         Назира Мӯминова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Волидони кӯдакони тамоюлҳои гуногуни инкишоф» дар мавзӯи «Аз дахолати барвақтӣ то касбомӯзии модарон» баромад намуда, таъкид дошт, ки рушди зеҳнӣ ва ақлонии фарзандони дорои имконияташон маҳдуд аз чигунагии сатҳи дониш ва маҳорату ҳунарварии модарон вобаста аст. Зеро табиатан фарзандон бо модарон бештар унс мегиранд ва дар ҷамъияти мо бори гарони оиладорӣ, тарбияи фарзанд бар дӯши модарон аст. Зеро падарон пайи дарёфти сармоя аксаран аз субҳ то шом дар коранд. Агар мо воқеан ҳам хоҳем, ки фарзандони дорои имконияташон маҳдуд ба таҳсил фарогир бошанду дастрасӣ ба табобати бештар дошта бошанд, бояд ба модарон ҳунар омӯзонем, то онҳо дастнигари дигарон набошанд.

Люба Федотова, директори ташкилоти ҷамъиятии «Сарчашма  лоиҳаи «Шарики самарабахш дар рушди барномаи барвақтӣ» муаррифӣ намуда, қайд кард, ки танҳо дар ҳамдастӣ метавонем мушкилиҳои оилаҳои дорои кӯдакони имконияташон маҳдуддоштаро ҳал созем.

Ҷаласа бо муайян кардани самтҳои асосии нақшаи стратегии фаъоли Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъиятӣ барои солҳои 2018-2022, тақсимоти вазифаҳо байни аъзоёни Шӯро ба кори худ анҷом бахшид.

Таъкид шуд, ки маҷлиси 3- юми кори Шӯро моҳи июн дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир мегардад.

Абдусабур Абдуваҳҳобов

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>