283273830_378835147623541_7992067517021824379_n   21-уми майи соли ҷорӣ дар Муассисаи таълимии байналмилалии “Контакт”-и шаҳри Исфара барои истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро баргузор гардид, ки дар он, инчунин, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказию роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

   283147154_378835187623537_7430361378037795751_n Зимни қабул беш аз 20 нафар иштирок намуда, истиқоматкунандагон, асосан, доир ба пешниҳод ба мукофотҳои соҳавию давлатӣ, таваҷҷуҳ ба омодасозии кадрҳои ҷавон, дар ҳолатҳои истисноӣ пеш аз муҳлат ба роҳ мондани аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар доираи маблағҳои ҷудошуда харидорӣ намудани компютерҳо ва таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз ҷониби муаллифони китобҳои дарсӣ таҳия гардидани дафтарҳои корӣ, пешгирӣ аз санҷишҳои бемариду ғайринақшавӣ аз ҷониби идораву сохторҳои ғайрисоҳавӣ, сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, аз тавозуни як сохтор ба сохтори дигар гузаронидани биноҳои муассисаҳои таълимӣ, таҳияи барномаи алоҳида дар самти таҷрибаивазкунии омӯзгорони ҷавон дар дохили кишвар, табдили мақоми муассисаи таълимӣ, барои истифодаи умум ба муассисаҳои таълимӣ вобаста намудани китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, бо барномаҳои таълимӣ мувофиқа намудани китобҳои дарсӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, омода намудани омӯзгорони фанҳои табиатшиносию дақиқ бо забони русӣ, ҷудо намудани квотаҳои иловагӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дастрасии омӯзгорони ҷавон ба имтиёзҳои муқарраршуда ва чанде дигар дархост ва таклифу пешниҳодоти худро манзур намуданд.

     281071811_377559357751120_6821639974427424997_nДар рафти баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм Р.Саидзода ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Инчунин, бо истифода аз иштироки муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо вазири маориф ва илм даъват ба амал овард, ки ҷиҳати таъмини саривақтии дархосту пешниҳодоти шаҳрвандон, ки ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста аст, мусоидат намоянд.

283273830_378835147623541_7992067517021824379_n 283267217_378835434290179_4934735175009031579_n 283167672_378835240956865_1986876191350455752_n 283147154_378835187623537_7430361378037795751_n 283146834_378835270956862_5049525643360399960_n 281071811_377559357751120_6821639974427424997_n 283073522_378835347623521_6789240400828031806_n 283106571_378835397623516_7644675537500621448_n 283108883_378835307623525_5880352792895134402_n

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>