IMG-114758080981cb23fa2d3a4e01e2831e-VДаври ҷумҳуриявии озмуни «Техникони наврас» таҳти шиори «Мо навоварони асри ХХ1» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осоимӣ  бо иштироки 200 нафар ғолибони даври вилоятӣ доир гардид.
Барномасозӣ», «Энергия ва технологияҳои каммасрафи энергия» ва «Роботтехника» доир шуда, Багирова Яна – хонандаи синфи 10- и Гимназияи ба номи Гёте-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Энергия ва технологияҳои каммасрафи энергия»), Очилзода Парвиз – хонандаи синфи 10- и Литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Роботтехника»), Назаров Ҷамшед – хонандаи синфи 9-и МТМУ №2-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Ихтироъкорӣ»), Темурхӯҷаев Иқболхӯҷа – хонандаи синфи 7-и МТУҒ  «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши «Барномасозӣ»), ҷойи 1- ум ва 2 нафар хонандагон Ҳакимов АбдулатиIMG-6af2a7bdd6f0efd3c1f63b9efa4eb8b6-Vф – хонандаи синфи 9-и МТМУ №2-и шаҳри Хуҷанд (аз бахши ««Роботтехника»), Ҷалилзода Дунё – хонандаи синфи 11-и Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон (аз бахши «Барномасозӣ») ҷои дуюмро ба даст оварданд.
Дар маҷмуъ дастаи вилояти Суғд аз ҳисоби ҷойҳои ифтихории ба дастоварда дар миқёси ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 1- ум гардид.
Лозим ба таъкид аст, ки 6 нафар хонандагони вилояти Суғд, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур ғолибиятро ба даст оварданд, моҳи май дар даври байналмилалии озмун, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, шарафи ҷумҳурии моро ҳимоя хоҳанд кард.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>