Дар шаҳри Бӯстон бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии кишвар байни шоҳмотбозони синни аз 14 то 35 сола мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот баргузор гардид. Дар мусобиқа як зумра  шоҳмотбозони  бомаҳорат ширкат варзида, барои ҷои аввал сабқат намуданд. Тарбиятгирандаи синфи 10-и  мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар шаҳри Бӯстон  Манучеҳр Мамадраҳимов  бар ҳама ҳарифон  дастболо шуда, ба дарёфти дипломи дараҷаи аввали  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии кишвар сазовор гардид. Инчунин бо ғолиб туҳфаҳои хотиравии ташкилотчиёни мусобиқа тақдим гардид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>