Бо хотири гиромидошти хотираи неки Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода даври шаҳрии озмуни «Турсунзодахонӣ» дар шаҳрҳои Бӯстон ва Истаравшан бо корбарии Марказҳои таҳсилоти иловагӣ ташкил ва баргузор гардид.
Мақсади асосии озмуни мазкур ҷалби аъзоёни маҳфилҳои Марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва наздимактабӣ ба адабиёт, шеъру шоирӣ, бедор намудани ҳисси эъҷодкорӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, бой гардонидани захираи луғавӣ, тарғиби ғояҳои ватандӯстона ва таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносии насли наврас мебошад.
Дар натиҷа беҳтаринҳо муайян, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.