Субҳи имрӯз дар бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон аз рӯи фанҳои таълимӣ бо иштироки соҳибони ҷойҳои ифтихорӣ ва иштирокчиёни фаъоли даври шаҳриву ноҳиявӣ оғоз ёфт.
Чорабинии тантанавиро, ки ба ин муносибат доир гардид, сардори раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримзода ифтитоҳ бахшида, нахуст ба насли наврас барору комёбӣ таманно кард.
Номбурда иброз дошт, ки соли равон ба қоидаҳои гузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ як қатор дигаргуниҳо ворид гардидааст.Имтиёзҳои барои гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ фароҳам овардашуда дар мавриди қабул шудани онҳо ба мактабҳои олӣ барояшон имконияти бештар медиҳад.
Дар идомаи суханронии худ сардори раёсати маорифи вилоят таъкид намуд, ки ҳар сол дар мактабҳои олии гуногун гузаронидани олимпиадаҳои хонандагон бо мақсади шаффофу одилона гузаштани олимпиада, ташвиқу тарғиби касбу ҳунарҳои мухталиф ва муассисаҳои таҳсилоти олии минтақа мебошад.
Вобаста ба қоидаҳои гузаронидани олимпиада дар назди хонандагону волидон ва омӯзгорони онҳо мудири шӯъбаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии раёсати маорифи вилоят Дилбар Исмоилова баромад намуд.
Ёдовар мешавем, ки даври вилоятии олимпиадаи мактабиён 4 рӯз идома менамояд. Рӯзи аввал хонандагон аз рӯи фанҳои гуманитарӣ донишу маҳорати худро месанҷанд. Рӯзҳои минбаъда толибилмон аз рӯи фанҳои дақиқ қувваозмоӣ менамоянд.
Яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи олимпиадаи имсола дар он аст, ки ба соҳибони ҷойҳои чорум ва панҷуми даври шаҳриву ноҳиявӣ низ имкони иштирок намудан дар он дода шудааст.
Аз ҷониби раёсати маорифи вилоят барои ҳамаи иштирокчиён шароити зарурӣ, аз ҷумла ҷои истиқомат ва ҳӯроки гарм фароҳам оварда шудааст.