Тибқи фармоишоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят ҳамасола дар мавсими таътили зимистонаи толибилмони вилоят бо иқдоми Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маорифи вилояти Суғд омӯзгорони вилоят барои тақвияти дониш ба курсҳои иловагии бозомӯзӣ фарогир мешаванд.

Имсол низ ин ташаббус роҳандозӣ гардида, беш аз 10 рӯз аст, ки 416 нафар омӯзгорон ва мураббиягони вилоят дар МТМУ№15- и ноҳияи Бобоҷон Гафуров ба таҳсили иловагӣ фарогир карда шуданд. Онҳо дар риштаи фанҳои забони англисӣ, технологияи компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, тарбияи ҷисмонӣ, равоншиносӣ ва педагогӣ савияи дониши худро баланд мебардоранд.

Имрӯз бо ширкати директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маорифи вилоят Муҳаммадҷон Исматдинов ба аввалин хатмкунандагони курсҳои бозомӯзӣ диплом ва сертификати хатм курси мазкур супорида шуд.

Дар назар аст, ки дар марҳилаи дуюм ва сеюми курсҳои бозомӯзӣ боз наздик ба 1200 нафар омӯзгорон ба курсҳо ҷалб гардонда мешаванд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>