Сатҳу сифати дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят торафт боло меравад. Ин аст, ки сол то сол иштироки фаъолонаи муҳассилини таълимгоҳҳо дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ афзун мешаванд.

Соли ҷорӣ дар олимпиадаҳо ва озмунҳои байналмилалӣ аз фанҳои математика, технологияи иттилоотӣ, биология, таърих, забони русӣ, англисӣ ва ҳимояи лоиҳаи илмӣ аз фанҳои иқтисодиёт, бахши ихтироъкорӣ дар мамолики хориҷи дур ва ИДМ 43 нафар хонандагони синфҳои 7- 11 аз литсей барои хонандагони болаёқат, «Гулчини маърифат», «Гёте», «Кавсар», «Мактаби ирфон»-и шаҳри Хуҷанд, гимназияи рақами 1, «Сафина»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, мактаби Президентии шаҳри Бӯстон иштирок ва ҷойҳои намоёнро ишғол карданд.

Аз рӯи номгӯи олимпиадаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодкарда дар олимпиадаи «Infomatrix», ки моҳи майи соли равон дар шаҳри Бухарести давлати Руминия доир гардид, шогирдони муаллим Рӯзибоев Тоҳир Бекмуродович аз литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Мирзоалиев Шаҳром, Сафаров Исмоилҷон, Муродов Баҳром- хонандагони синфи 9 иштирок карда, ҷойи дуюмро соҳиб шуданд.

Аз ҳамин литсей дастпарварони муаллим Мамадҷонов Хуршед Абдуғаниевич дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон хонандаи синфи 9 Қувватов Сино ҷойи якум ва хонандагони синфи 9 Имомзода Шаҳром, Ғаниев Ҳасанҷон ҷойи дуюмро сазовор шуданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>