286836805_390687296438326_3959326343784368689_nСаҳифаҳои таърихи миллат бозгӯянд: Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари дастовардани Истиқлоли давлатӣ бо дахолати баъзе қувваҳои дохиливу берунӣ ба нооромиву ноамнӣ дучор гардид.
    Дар ҳамон лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, ки давлат ва миллати мо дар вартаи нобудшавӣ, парокандашавӣ қарор дошт, Тоҷикистон ба Пешвои сиёсӣ – роҳбари матиниродае ниёз дошт, то пеши роҳи ҷанги пурфоҷиа ва даҳшатбори шаҳрвандиро гирад ва миллатро аз фано гардидан раҳоӣ бахшад.

    Баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, ҳамин шароитро ба миён оварданд ва аз ҳамон лаҳза таҳаввулотҳои ҷиддӣ ва бунёдӣ ба амал омада, барои таъмини сулҳу амният, оромиву осоиштагӣ ва пешрафт имкониятҳо фароҳам омаданд.
    Аз минбари Иҷлосияи таърихии тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Мо ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастем. Мо дар муносибатҳои байналхалқиамон роҳи муосири “Дарҳои кушода”-ро интихоб намудаем.
    Бо гузашти солҳо дар таҷпиба собит шуд, ки воқеан ҳам, ин ягона роҳе дуруст будааст, ки метавонад роҳи моро барои ворид гардидан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналхалқӣ ҳамвор созад.
  Амалӣ намудани ҳадафҳои бузург заминаи пешрафтро фароҳам оварда, омили баланд гардидани некӯаҳволии мардуми кишвар гардид. Аз ҷумла, корҳои созандагиву бунёдсозӣ авҷу барор гирифтанд. Кишварамон муваффақ шуд: соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳангу варзиш, дигар самтҳои ҳаёти ҷомеаи муосирамон ба пешрафту комёбиҳои қобили мулоҳиза ноил гардид.
    Эътиқоду эътимоди мардуми кишвар ба Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ва соҳибихтиёрӣ устувору пурфараҳ гардид ва мо аз ҳамаи ин шукрона дорем.
Файзулло Атохоҷаев,
корманди нашрияи “Маорифи Суғд”

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>