286964280_391319399708449_6006860463651899281_nДар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки муовини раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ғаффорӣ Назира Абдуллозода, нозири калони шуъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники адлия Қодирҷонзода Абдуҷалол Қодир, раиси шӯрои иттифоқҳои касабаи коркунони соҳаи маорифи вилоят Самизода Мусобек Самӣ, масъулони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии вилоят мизи мудаввар дар мавзӯи “Муқовимат бо коррупсия – таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар» доир гардид.
    286885995_391319443041778_7576088328557559916_nЧорабиниро мудири шуъбаи кадрҳои Раёсати маорифи вилоят Набиҷон Раҳмонов ҳусни оғоз бахшида, салому паёми сардори Раёсати маорифи вилоят Мадина Набизодаро ба самъи ҳозирин расонида, таъкид дошт, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро дар баробари хатарҳои терроризму экстремизм, ҳамчунин амалҳои ришваситонӣ ё ба истилоҳ коррупсионӣ ба ташвиш овардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои зиёди худ, алоҳида дар бобати муборизаи ҳамагонӣ бар зидди коррупсиониро яке аз унсурҳои пешрафтаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дониста, таъкид ба таъкид ҳамагонро барои решакан намудани ин доғи сиёҳи ҷомеа даъват менамоянд.

   286980756_391319529708436_6632519027010705377_n Дар баромадҳои Назира Ғаффорӣ ва Абдуҷалол Қодирзода зикр шуд, ки ришваситонӣ боис мешавад, ки адолат, иттиҳод, ҳамдастӣ, эътимод, муҳаббат, рафоқат, ҳамкорӣ ва бисёр чизҳои дигар дар як ҷомеа ё аз байн равад ва ё ҳадди ақал хеле каму беарзиш шаванд. Ришваситонӣ шадидтарин зарбаест ба девори иқтисоди як давлату ҷомеа. Чун он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Ин муаммо воқеан кишварҳои мухталифи ҷаҳонро фаро гирифтааст. Ва солҳои мадид аст, ки давлатдорон ва афроде аз миёни масъулин, ки садоқат ва адолат меҳвари фаъолияташон қарор гирифтааст, мунтазам дар роҳи мубориза бо ин падида гом мебардоранд. Ташкилоту созмонҳо ва иттиҳодияҳои байналмилалии гуногуни зиёде ҳам арзи ҳастӣ кардаанд, ки ҳадафи асосии фаъолияташон кам кардан ва ё аз байн бурдани муомилоти коррупсионӣ дар ҷомеаҳо мебошад. Намояндагиҳои ин ниҳодҳо дар кишварҳои мухталиф мунтазам чораҳо меандешанд ва дар канори ҳукуматҳову мақомоти масъули мубориза бо коррупсия фаъолона бо ин мушкилӣ мубориза мебаранд.
    Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои муборизаи қавитару шадидтар бо коррупсия чораҳои мушаххаси қонуниву ҳуқуқӣ андешиданро аз ҷумлаи муассиртарин роҳҳои мубориза бо ришва медонад. Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.
    Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ ҳанӯз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидшуда таъсис дода шуд, ки имрӯз аз оғози фаъолияти агентӣ 15 сол сипарӣ гаштааст.
  Иштирокдорони мизи мудаввар дар идома маърӯзаҳои сармутахассиси Раёсати маорифи вилоят Абдураҳим Қурбоновро дар мавзӯи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» , сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом М. Олимоваро дар мавзӯи “Муқовимат ба коррупсия – тақозои замон дар ҷаҳони муосир”, сармутахассиси раёсати маорифи шаҳри Истаравшан Ғ Мирзоевро дар мавзӯи “Коррупсия – зуҳуроти номатлуб” ва мушовири шуъбаи маорифи наҳияи Деваштич Д. Ағолиқоваро дар мавзӯи “Илмат ба амал чу ёр гардад…” шуниданд.
       Бо шунидани фикру мулоҳиза ва роҳҳои ҳалли он чорабинӣ ба кори худ итмом бахшид.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>