Рӯирост, бе ягон муболиға ва иғроқ мегӯяму менависам, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Ватани азизамон – Тоҷикистони маҳбуб ба марҳалаи нави қиёснопазири рушд ворид гардида, дар арсаи ҷаҳон ва муаммоҳои байналмилаливу дохилии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Вале, афсӯс ки дастовардҳои кишварро гурӯҳҳое ҳастанд, ки нодида мегиранд. Зиёд аз ин қувваҳое ҳам мавҷуданд, ки ба Ҳукумати қонунии имрӯза дар мухолифат қарор дошта, мехоҳанд вазъро ноором ва мардумро нотинҷ намоянд. Ба ин тоифа “Гурӯҳи 24”, ки фаъолияти пурғараз дорад, шомил аст, ки роҳбариашро Умаралӣ Қувватов – соҳибкори фирорӣ бар уҳда дошт ва бо сабаҳои ба худи гурӯҳаш маълум, дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия кушта шуд.
Бузургон гуфтаанд: “тамаъ бад аст ва аз зиёдаталабӣ сармоя низ аз даст меравад”.
“Гурӯҳи 24” ончунон коршиносону сиёсатшиносон таъкид мекунанд, бо нияти нопок аз ҷониби ду соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев соли 2012 ташкил шудааст.
“Гурӯҳи 24” дар солҳои гуногун чанд маротиба дар як қатор шаҳрҳои Федератсия Россия гирдиҳамоии муҳоҷирони тоҷикро бо талаби истеъфои Ҳукумати қонунии имрӯзаи Тоҷикистон ташкил ва баргузор кардааст. Яъне, “Гурӯҳи 24” тухми низоъву мухолифат кошта, дар маркази шаҳри Душанбе низ як гирдиҳамоӣ алайҳи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистонро соли 2014 — даҳуми октябр даъват карда буд. “Гурӯҳи 24” бо қарори Додгоҳи олӣ созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шудааст.
Аслан ҳадафи пайдоиши ин гурӯҳи моҷароҷӯй чист? — бино бар андешаи баъзе муҳаққиқон “Гурӯҳи 24” созмони сиёсӣ набуда, балки аз чанд тан соҳибкорони норозӣ иборат шуда, баъд аз пардохт накардани андоз ва берун пой ниҳодан аз чаҳорчӯбаи қонун Тоҷикистонро тарк кардааст.
Мегӯянд, ки баъди кушта шудани сарвари гурӯҳи ифротгаро Шарофиддин Гадоев роҳбари нави ин созмон ва Собир Валиев – як соҳибкори дигар муовини ӯ интихоб шудаанд. Гуфтагӣ барин “Дузд дуздро дар шаби сияҳ мешиносад” саркардаи нав Ш.Гадоев гуфтааст, ки нуктаи муҳими стратегияи ояндаи “Гурӯҳи 24” ин “бедорсозии мардум” ва “муборизаи мусолиҳатомез барои барқарории адолати сиёсию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аст.
Ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон мегӯям: новобаста аз он, ки гурӯҳ сиёсӣ ва ё ғайрисиёсӣ аст, ба хотири оромиву суботи ҷомеа, ба хотири ҳамбастагии ҷомеа ва ба хотири он сулҳу ваҳдате, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибихтиёру соҳибистиқлоли мо соҳиб шудааст, аз мақомоти дахлдор даъват ба амал оварда мешавад: нисбати ин гурӯҳи носолиму ифротгаро чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Мубориза бар зидди ҳаракату гурӯҳҳои ифротгароиву ситезаҷӯ фарзу шарафи худшиносии мост!
Фозилова Т.
Раёсати маорифи вилояти Суғд

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>