Баробари ҷаҳон мавҷи хатари терроризм, экстремизм ба кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон низ хатар эҷод мекунад. Аз хабарҳои охирини кишвар огаҳ ҳастем, ки чанд муддат ин тараф дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нооромӣ, гирдиҳамоӣ ва дасисабозӣ бо сарварии хиёнаткори ин сарзамин бо номи Муҳаммадбоқири ҷиноятпеша ва саркардаи дасисаангезон, аъзои ташкилоти террористии ҲНИ (ин ташкилоти ифротгаро дар Тоҷикистон қонунан фаъолияташ манъ карда шудааст), дигар аз равияҳои тундгароӣ — экстремистии Гурӯҳи 24, ки ӯ ва пайравонаш фазои орому осудаи Ватани соҳибистиқлоламонро халалдор карданӣ ҳастанд. Мо-мардуми миллатдӯст бояд дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткори муташаккили фаромиллӣ ҳушёрии сиёсиву ҷаҳонфаҳмии бунёдии худро муқобил гузорем ва ҳамеша садди ин роҳи хатарафзо бошем.
Як кас ва ё гурӯҳи алоҳида дар ҷомеа чандон қувваи бузурге нест, дастҷамъии кулл нерӯи бузург аст. Кас ҳайрон мешавад, ки чаро мардуми сафеду сиёҳро аз ҳам фарқ мекардагӣ аз паси як идда касони ҷоҳталаб чун об ҷараён мегиранд? Канӣ, ақли солим! Барои эмин доштани худ аз доми Муҳаммадбоқир барин ноодаму инсонбадбини террорист ва ҳаммаслакони бадхоҳаш чаро панду насиҳати калонсолонро намегиранд?!
Гурӯҳи террористии Муҳаммадбоқир дар байни ҷавонон ва сарзамин тухми низоъву бадбинӣ мекоранд, оқибати он пучу беҳосил аст. Дида мешавад, ки гурӯҳи террористии саркардаи аз маърифат дур Муҳаммадбоқир бо ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафи худро тарғиб карда, ҷавонони ноогоҳро ба худ мегирад, ки оқибати нек надорад. Ҳама касони соҳибмаърифату ватандӯст кирдорҳову хиёнаткориҳои Муҳаммадбоқири террорист ва гурӯҳи бадхоҳи ӯро, ки ба давлату миллат буҳтонҳову тухматҳо мекунанду кардаанд, лаънат менамоянд.
Ҷавонони саодатманд бояд дониста ҳаёти худро хуррам бигзаронанд. Устод Рӯдакӣ гуфта:
Ба хушдилӣ гузарон баъд аз ин, ки боди аҷал,
Дарахти умри баандешро зи по афканад.
Ф. АТОХОҶАЕВ,
А.АМИНОВ,
кормандони рӯзномаи “Маорифи Суғд”,
аъзо ИЖ Тоҷикистон

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>