Мактабиёни ХучандДар шаҳри Душанбе дастаи варзишии хонандагони мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд бо ҳайати 10-нафар дар мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки аз тарафи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон ташкил гардид, иштирок карда, аз рӯи се намуд: варзиши сабук, тениси рӯи миз ва футбол қувваозмоӣ намуда, соҳиби 19 медал гардиданд. 

Ҳамин тавр, хонандагони мактаб-интернати шаҳри Хуҷанд соҳиби 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ гардиданд, ки аз ин миқдор 8-ададаш медали дастаи футбол мебошад.
Инчунин дар бахши намоиши корҳои дастӣ бахшида ба Соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» хонандагони мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷои дуюм ва Сипосномаи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон гардиданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки хонандагони мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд дар баробари иштирок дар мусобиқаи варзишӣ дар мавзеъҳои фарҳангию фароғатии пойтахти мамлакатамон саёҳат намуданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>