Соҳаи маориф чун ҳамасола дар меҳвари асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат қарор дорад. Зеро бе рушди ин соҳаи ҳаётан зарурӣ пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишварро тасаввур кардан нашояд. Барои тақвият бахшидани соҳа иҷрои чанд ҳадафҳо бар фоидаи кор мебуд. Шарти муҳим он аст, ки бевосита дар ҷойҳо аз дастоварду камбудиҳо огоҳ шуда, барои пешрафти соҳа дастуру ҳидоятҳо дод. Маҳз бо ҳамин мақсад соле чанд мешавад, ки бо иқдоми Раёсати маорифи вилоят рӯзҳои Раёсати маориф дар ин ё он шаҳру навоҳӣ сурат мегирад.
Чунин як иқдом санаҳои 16-19 феврал дар шаҳри Исфара роҳандозӣ шуд. Гурӯҳи корӣ, ки иборат аз мудирони шӯъбаҳо, сардорони хадамотҳои дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят ва кормандони соҳибтаҷриба буданд, тайи чор рӯз наздик ба 40 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ташриф оварда, бо шароити таълиму тарбия, вазъи пояи моддиву техникӣ, ҳолати санитарии мактабҳо шинос шуданд. Ҳамзамон барои пешравӣ ва дастовардҳои баъзе аз мактабҳо изҳори сипос намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дастуру тавсияҳо дода шуд.
Дар рӯзи ҷамъбасти рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят дар шаҳри Исфара шахсан сардори Раёсати маорифи вилоят, доктори илмҳои таърих, профессор Осим Каримзода ширкат намуда, пас аз шунидани ҳисоботи роҳбарони гурӯҳҳо мӯйшикофона вазъи феълии соҳаро дар ин гӯшаи биҳиштосои кишвар таҳлил намуд.
Дар баромади сардорони гурӯҳҳо рафти давомот ба машғулиятҳо, дониши амиқи хонандагон, риояи талаботи либоси мактабӣ, омодагии толибилмон ба дарсҳо, самаранок гузаронидани дарсҳои технологӣ, тарзи дуруст пур кардани журналҳои синфӣ, эҳтиёҷ ба кадрҳои соҳа ва ғайриихтисос фаъолият намудани омӯзгорон, роҳандозии маҳфилҳои ҳунарӣ, таъминот бо дастгоҳҳои ҳунармандӣ ва асбобҳои мусиқӣ, ҳолати воқеии китобхонаҳо ва қироатхонаҳо, вазъи забономӯзӣ, ҳолати санитариву гигенӣ, фаъолияти созмони талабагӣ, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбия» дар дабистонҳо сухан рафт. Қайд шуд, ки дар самтҳои болозикр ҳанӯз муаммою мушкилоти ҳалталаб бисёранд.
Сардори Раёсати маорифи вилоят дар баромади худ қайд намуд, ки соҳаи маориф дар шаҳри Исфара дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бешубҳа рушд намуда, ҳамасола толибилмони ин гӯшаи биҳиштосоии мамлакатамон ба дастовардҳои хуб ноил мегарданд. Аз ҷумла ҷамъбасти даврҳои вилоятиву ҷумҳуриявии олимпиадаҳои мактабиён нишон дод, ки ба масълаи таълими фанҳои дақиқ аҳамияти хосса дода мешавад. Аммо таҳлилҳо нишон дод, ки ин гуна дастовардҳо танҳо ба муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ тааллуқ доранд. Масъулини дигар таълимгоҳҳоро низ лозим аст, ки ба ин масъала таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намоянд.
Дар ин радиф сардори Раёсати маорифи вилоят аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки фоизи қабули хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ аз нишондиҳандаи миёнаи вилоят хеле паст аст, барои ислоҳи вазъи мактабҳои қисман садамавӣ чораи амалӣ андешида намешавад, муносибати хешу таборӣ дар баъзе таълимгоҳҳо то ҳол аз байн нарафтааст, фаъолияти Маркази таҳсилоти иловагӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй нест, нисбати маъмурияти мактабҳое, ки хонандагонашон даст ба худкушӣ задаанд, чораи қатъӣ андешида нашудааст, фарогирӣ ба зинаи сеюми таҳсилот ғайриқаноатбахш мебошад.
Дар рафти таҳлили вазъи соҳа Осим Каримзода аз масъулин доир ба иҷрои вазифагузориҳои Раиси вилоят дар машварати августии омӯзгорон, татбиқи Барномаҳои соҳавӣ, вазъи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва ҷалби кӯдакон ба марказҳои инкишофи кӯдак, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ва ҳолати хоҷагиҳои ёрирасон пурсиш ба амал овард. Аҳли маориф вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият нақша-чорабиниҳои алоҳида таҳия намуда, корбариро аз рӯи он ба роҳ монанд.
Дар хотима мудири маорифи шаҳри Исфара Қаноатхон Абророва аз номи кулли маорифчиён ваъда дод, ки дар қӯтоҳтарин фурсат ҳамаи камбудиҳои ошкоргардидаро ислоҳ ва сифати таълиму тарбияро беҳтар менамоянд.