Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят ба ифтихори 25-солгаии истиқлолияти далатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни иншои беҳтарин байни маҳфилчиёни марказҳо дар мавзӯи “Мо ояндасози давлати соҳибистиқлоли тоҷикон” эълон карда буд. Дирӯз озмун ҷамъбаст гардид. Ҳамаи 3 ҷои ифтихорӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом: Саидмуродова Аҳдия-хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 29, Очилова Нигора-хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 ва Исматуллоев Мубин- хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41 ишғол карда шуданд.
Ба онҳо Ифтихорномаи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят супорида шуд.