Бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии кўдакон ва муаррифии фарҳанги тоҷикона дар кўдакистони рақами 20-и шаҳри Исфара иди Меҳргон бошукўҳ таҷлил карда шуд.

Тарбиятгирандагон бо роҳбарии мураббияҳои худ бахшида ба ин ҷашни аҷдодӣ барномаи идонаро бо номи «Омад хуҷаста Меҳргон!» омода намуда, пешкаши волидайн ва меҳмонони ин чорабинӣ намуданд.

   Аз субҳи барвақт кўдакистон намуди идона дошта, тарбиятгирандагону мураббияҳои ин даргоҳ бо фарҳамандӣ ва рўҳияи баланди идона волидону меҳмононро бо тантана пазироӣ намуданд.
Муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён ҳамагонро бо иди деҳқонон ва рамзи фаровонӣ табрик гуфта, аз ҷумла таъкид сохт, ки «Меҳргон яке аз идҳои қадимии мардуми заҳматкашу меҳнатдӯсти ориёинажод, бахусус тоҷикон ба шумор меравад, аммо як замон он то андозае аз назари мардум дур монда буд. Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани кишвар ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Тоҷикистон ин ид ба монанди дигар идҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҷашн гирифта мешавад. Меҳргон айёмест, ки дар он деҳқонон пас аз ҷамъоварии ҳосили дастранҷи худ бо шидию фараҳ ид ва барои соли оянда дуо мекунанд, ки ҳосили аз ин ҳам фаровонтар бигиранд».

   Дар чорабинии идона маҳсули дасти тарбиятгирандагон ва намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, саҳнаҳои адабӣ, расмҳо бо маҳорати баланд ба намоиш гузошта шуда, шеъру таронаҳои дар васфи тирамоҳи заррин ва мехргон пешкаш гардид, ки он писанди ҳамагон гашт.

   Меҳмононе, ки дар чорабинӣ ширкат доштанд, ба ҳунару истеъдоди тарбиятгирандагон ва таҷрибаи мураббияҳои ин кўдакистон баҳои баланд доданд.

   Бояд гуфт, ки амалӣ намудани чунин тадбирҳо дар баланд бардоштани ҳисси табиатдӯстии насли наврас ва огаҳӣ ёфтани онҳо аз фарҳанги волои аҷдодон мусоидат мекунад.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>