284480160_383242917182764_3044893750166406277_nҶомеаи меҳнатии Раёсати маорифи вилояти Суғд, зерсохторҳои он, ҳайати эҷодии нашрияи “Маорифи Суғд” ва замимаи бачагонаи он – “Дурахшандагон” дар толори маҷлисҳои раёсат филми мустанади “Шикасти фитна”-ро муташаккилона тамошо карданд.
       Воқеаҳои филм оид ба хиёнату ватанфурӯшии чор нафар фарзандони нохалафи Бадахшон – Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Холбаш Холбашев, Улфатхоним Мамадшоева, Алим Шерзамонов (муқими яке аз кишварҳои Аврупо, муовини созмони террористии бо ном “Паймони миллӣ”) ба таври возеҳу равшан нақл мекунад.

      284592138_383243073849415_9080305381784474367_nКирдорҳои нохалафонаи ин ашхоси ношукру носипос ва ватанфурӯш нафрати кормандони раёсат ва зерсохторҳои онро ба амал овард. Онҳо ба ин амалҳои ғайриинсонии хиёнатпешагон изҳори нафрат намуда, таъкид доштанд, ки ҷинояткорон оқибат аз рӯи қонун ҷазои сазовори худро мегиранд.

Сомона аз тарафи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди  Раёсати маорифи вилоят корбарӣ карда мешавад. 

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>