Бо баробари итмом ёфтани соли хониш дар ҳама дабистонҳои вилоят атестатсияи аз синф ба син фгузаронӣ оғоз гардида, ҳамчунин хатмкунандагон низ имтиҳонҳои давлатӣ супорида истодаанд. Тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят ҳамаи кормандони раёсат муваззаф шуданд, ки ҷараёни атестатсияро дар шаҳру навоҳӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд.
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ин тадбир муташаккилона идома дорад. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 17-и ноҳияро соли равон 49 нафар хатм менамоянд. Онҳо дар рӯзи аввали имтиҳонот аз фанни забон ва адабиёти ӯзбек иншо супориданд. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 893 хонанда таҳсили илм дошта, соли равон мактабро 49 нафар хатм намуда истодаанд. Онҳо низ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик иншо супориданд. Муассисаи давлатии литсей барои хонандагони болаёқатро соли равон 43 нафар хатм менамоянд. Қобили зикр аст, ки аллакай ду шогирди ин мактаб сазовори донишҷӯи Донишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб гардиданд.
Тавре мудири маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов Тошев Ҳоҷӣ Шерович иброз дошт, умуман соли равон мактабҳои ноҳияро 1595 наыфар хатм менамоянд. Аз ин миқдор беш аз 60 дар сад тариқи нуқтаҳои Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳояшонро ба муассисаҳои олии кишвар супоридаанд.