Бо дастгирии ва ташаббуси Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ таи се рӯз аст, ки 162 нафар толибилмони шаҳру навоҳии вилоят дар Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фароғат фарогир карда шудаанд. Ин нафарон ғолибони озмуни байни синфҳои ибтидоӣ, ятимону фарзандони оилаҳои камбизоат буда, онҳо бо чор маҳал хӯроки гарм таъмин буда, ҳавзи тобистонаи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, маҳфилҳои ҳунарӣ дар хидмати истироҳаткунандагон қарор дорад. Дар назар аст, ки роҳбарияти муассиса чорабиниҳои фарҳангии гуногунро доир намуда, хотири истироҳаткунандагонро шод менамоянд. Ёдовар мешавем, ки ҳамасола таҳти ғамхории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят садҳо толибилмон аз қишри осебпазири ҷомеа, ғолибони олимпиадаҳо дар истироҳатгоҳҳои Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Шоҳин» истироҳат менамоянд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>