Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва саҳм гузоштан ҷиҳати коҳиш додани бемории сироятии коронавирус навъи COVID- 19 бо иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии назди Раёсати маорифи вилоят озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи “Ваҳдат -кафили сулҳ” доир карда мешавад. Ҳамзамон бо мақсади ба машғулият фаро гирифтани мактабиён дар давраи таътили тобистона ва талқини дар хона ба корҳои фоиданок ҷалб шудани хонандагон бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Ман дар хона ба кори модарам ёрӣ мерасонам” ва “Тозагӣ манбаи саломатӣ” баргузор карда мешавад. Ғолибони озмун дар остонаи таҷлили ҷашни Ваҳдат бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд. Иштирокчиёни озмун метавонанд сурат ва иншои худро тариқи шабакаҳои иҷтимоии вайбер ва вотсап ба рақами 92- 825- 60 -70 ирсол намоянд.
Абдусабури Абдуваҳҳоб, котиби матбуоти Раёсати маорифи вилояти Суғд