Баргузории машварати августии маорифчиён дар вилоят ба ҳукми анъана даромадааст.

26 августи соли равон дар муассисаи давлатии қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндаи Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон, муовинони Раиси вилоят, муовинони раисони шахру ноҳияҳо, ректорони донишгоҳ, донишкадаҳои ҳудуди вилоят, мудирони шӯъбаҳои маориф, адибон, собиқадорони меҳнат, намояндагони васоити ахбори омма, омӯзгорони пешқадаму навовар аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо машварати маорифчиён доир мегардад. Иштирокчиёни машварат масъалаи «Таҳлили фаъолияти кормандони маорифи вилоят дар соли хониши сипаришуда ва вазифаҳои навбатӣ дар баландбардории корҳои таълиму тарбия дар соли тахсили нав»-ро баррасӣ хоханд кард.

Инчунин, омӯзгорони пешқадаму навовар бо Сипосномаву Ифтихорномаи Раиси вилоят, Раёсати маорифи вилоят қадрдонӣ мешаванд.

Дар фарҷоми машварат намоиши барномаи адабию мусиқии дастаи мунтахаби ҳаваскорони санъат аз таълимгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят дар назар аст.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>